МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО СОҲИБКОРОНИ АМРИКО
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти судманд бо соҳибкорони бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дод, ки аз ҷониби Шўрои соҳибкории ду кишвар ташкил ёфта буд. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Амрикоро бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои сиёсӣ ва инвеститсионии кишвар, бунёди инфрасохтори мусоид барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва ѓайра шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи воломақоми Департаменти давлатии Амрико Ҷорҷ Крол бармеояд, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкориҳо дар сатҳи соҳибкорон ҳавасманданд ва ба ин кор мусоидати фаъол мекунанд. Ҷорҷ Крол, аз ҷумла изҳор дошт: — «Мо дўсту шарики Тоҷикистон будем ва боқӣ мемонем ва ба рушди он мусоидат мекунем, то мусоидат кунем ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ». Ў ҳамчунин мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими амнияту субот дар минтақа ва дар оянда бо нерўи барқ таъмин намудани Афѓонистон бисёр муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт: — «Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати Амрико» қарор дорад. Байни Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони амрикоӣ сўҳбати озоду ошкоро ва самарабахш сурат гирифт. Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон чун як соҳибкоре, ки дар Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад, ба фазои сармоягузории он баҳои баланд дода, дигар соҳибкорони амрикоиро ба ба ҳамкорӣ бо кишвари мо даъват намуд. Зимни саволу ҷавобҳо ҳавасмандии зиёди соҳибкорони Амрико баҳри ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аён гашт. Таваҷҷўҳи зиёд ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла нафту газ ва дигар навъҳои сўзишворӣ ва ба туризми кўҳӣ зоҳир гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






