ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ АСАРҲОИ БЕҲТАРИНИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 1 декабр дар Кохи Борбад натиҷаҳои маъракаи умумиҷумҳуриявӣ ҷамъбаст карда шуд, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба муқобили СПИД таҳти шиори «ВИЧ ва СПИД- ро танҳо якҷоя барҳам додан мумкин аст» баргузор гардид. Дар ин ҷо бо иштироки овозхонони маъруфи мамлакат консерти калон намоиш дода шуд. Дар ҷамъомад муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов, намояндаи Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон Иля Тодоров, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва дигарон сухан карда, зикр намуданд, ки бо назардошти зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ҳеҷ кас худро аз мубориза ба муқобили бемориҳои хавфноки ВИЧ ва СПИД канор гирифта наметавонад. Аз рӯи маълумоти расмӣ, айни ҳол дар Тоҷикистон 1333 нафар шахси бемори гирифтори ВИЧ ва СПИД ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳн шудани ин бемориҳо ва расонидани кӯмак ба беморон ҳамаи тадбирҳоро меандешад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми ҷамъомад озмуни асарҳои беҳтарини журналистон бахшида ба проблемаҳои табобат ва пешгирии ВИЧ ва СПИД ҷамъбаст карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






