АЗ РӮИ «КАҲДУДИ СӮЗОН» ФИЛМНОМАИ ТОҶИКӢ ТАҲИЯ КАРДАН МУМКИН АСТ

Декабрь 23, 2008 14:25

            Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар арафаи соли нави 2009 нашриёти «Адиб» чопи асарҳои хонданибоби адибони муосири тоҷикро аз китоби «Каҳдуди сӯзон»-и нависандаи навҷӯву соҳибзавқ Саидаҳмади Зардон шурӯъ кард. «Каҳдуди сӯзон» аз ду қиссаи солҳои охир навиштаи нависанда — «Каҳдуди сӯзон» ва «Даври ҳафттабақаи замин», мураттаб гардидааст. Қиссаҳои мазкур мавзӯъҳои умдаи рӯз — муҳоҷирати кории хориҷӣ ва мушкилоти ҳаёти имрӯзаи ҷаҳониро фаро гирифта, бо мазмуну мундариҷаи баланд, сабку услуби шево ва маҳорату истеъдоди хоси нависандагӣ эҷод шудаанд. Дар ин асарҳо тақдир ва ҷаҳони ботинии инсон дар лаҳзаҳои мураккабтарини ҳаёт мавриди тасвиру таҳлил қарор гирифтааст. Бояд зикр кард, ки дар таърихи нашри китоби муосири тоҷик бори нахуст ду асари услубан мухолиф — қиссаи ҷиддии замон ва танзи дархӯри ҷаҳон дар як китоб нашр мешавад.           Сужет, банду баст ва забони шевои асарҳои мазкур шавқовару дилнишин буда, тасвири нарму мушоҳидакоронаи манзараҳои табиат ба ҳолати рӯҳии қаҳрамонон созгор омадааст. Китоб бо ороишу  сифати баланди ноширӣ, бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Мунаққидон бар онанд, ки аз рӯи қиссаи «Каҳдуди сӯзон» беҳтарин филмномаи тоҷикиро низ таҳия кардан мумкин аст. Тарҷумаи русии қиссаи «Даври ҳафттабақаи замин» бошад, танзи имрӯзаи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда метавонад.                              

Декабрь 23, 2008 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд