БОНКИ «ЭСХАТА» 14 — СОЛА ШУД

Декабрь 2, 2008 12:01

         Душанбе, 2  декабр. АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). —  Ба  таъсиси  бонки «Эсхата» 14  сол  пур  шуд. Раиси бонк  Хуршед  Носиров  дар  ҷараёни  ҷамъомади ботантанаи  ба ин муносибат баргузоргардида изҳор  намуд, ки  бонки  «Эсхата»  нахустин   бонки  тиҷоратии  Тоҷикистон  буда,  барои рушди  тиҷорати  хурду  миёна  дар  мамлакат  нақши  муҳим  мебозад. Бонк  соли  аввали  таъсис ёфтанаш  ҳамагӣ  24   мизоҷ  дошт,  ҳоло   кормандони он  ба   бештар аз  12  ҳазор  нафар  тоҷирону  соҳибкорон  хизмат  мерасонанд. Қариб  80  фоизи  маблағи  қарзи  бонк  барои рушди  тиҷорат сарф  карда  мешавад.          Бонки «Эсхата»  дар  натиҷаи  ҷорӣ  кардани хизматрасониҳои  иловагӣ,  беҳтар  кардани  сифати он,  кушодани  филиалҳои  нав   дар  минтақаҳои  гуногуни  мамлакат,  такмили  низоми  идорӣ,   истифодаи  технологияҳои  иттилоотӣ ва  воситаҳои  нави  техникӣ  ба  натиҷаҳои  калон ноил  гардид. Айни  ҳол дар  вилояти  Суғд  6  филиали  бонк,  дар  қисмати  ҷанубии  мамлакат  ду  филиали он ва  дар  саросари  ҷумҳурӣ  бештар аз 100  бунгоҳи  ҳаволаи пул   фаъолият  доранд. Ояндаи  наздик  дар  вилояти  Хатлон  боз  ду  филиали бонк  кушода  мешавад,  гуфт  Х.Носиров.

Декабрь 2, 2008 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ