КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА ХОНА — ИНТЕРНАТҲО ВА ХОНАҲОИ МАЪЮБОН
Хуҷанд, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). –Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар арафаи иди Қурбон аз хона — интернати одамони солхӯрда ва бачагони маъюби Деҳмой боздид ба амал овард. Вай дар ин ҷо ба маъюбон аробачаҳо, як адад генератори барқӣ ва 50 кат тӯҳфа кард. Ба туфайли кӯмаки раиси вилоят яке аз истиқоматкунандагони хона – интернати мазкур Кимёхон Ф. – и 25 – сола, ки бемори бистарӣ мебошад, имкон пайдо кард, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат кунад. Инчунин Агентии давлатии суғурта ва шӯъбаи фурӯши «Шабакаи барқи Ӯротеппа» ба маъюбон тӯҳфаҳои гуногун пешкаш карданд. Дар хона – интернати Деҳмой айни ҳол 200 шахси маъюб зиндагӣ мекунад. Ба муносибати иди Қурбон инчунин ба тарбиягирандагони Хонаи бачагони рақами 1 – уми шаҳри Шӯроб аз номи сарпарастони он – Ҷамъияти саҳомии «Ангишт», Ҷамъияти саҳомии «Корхонаи спирт» -и шаҳри Исфара, Фонди ҳифзи иҷтимоии вилоят ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» кӯмаки хайрия расонда шуд. Ин ташкилотҳо ба хонаи бачагон либоси гарм ва маводи хӯрока тӯҳфа карда, барои тарбиягирандагони он дастурхонаи идона кушоданд. Ҳоло дар хонаи бачагони шаҳри Исфара 35 нафар истиқомат дорад.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






