МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ВЛАДИМИР ПРЯХИН

Декабрь 16, 2008 16:01

         Қӯрғонтеппа,  16  декабр. (АМИТ «Ховар»,    Мурод  Сотиев). – Зимни   мулоқоти   раиси  вилояти  Хатлон  Ғайбулло  Авзалов  бо  роҳбари Маркази  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  дар  Душанбе  Владимир  Пряхин  масъалаҳои  ҳамкории  маъмурияти  вилоят   бо  Маркази  САҲА   мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Раиси  вилоят   дар  бораи    рушди   иҷтимоию  иқтисодии  вилоят  маълумот  дода,   зикр  намуд,  ки  роҳбарияти он  барои  афзун  гардондани  дастовардҳо  дар  соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёт  тадбирҳои  самарабахш  меандешад. Ғ.Авзалов  пешрафти  соҳаҳои  саноат  ва  энергетикаро  махсус  таъкид  кард. В.Пряхин изҳор  намуд, ки Маркази САҲА дар  Душанбе  ба  амалӣ   сохтани  барномаҳое мусоидат  мекунад, ки  ба  пешрафти  иқтисодиёти  минтақа  кӯмак  мерасонанд. Ӯ  дар  замина  ба  ҳалли  барномаҳои  экологӣ  таваҷҷӯҳи  махсус  зоҳир  намуд.

Декабрь 16, 2008 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд