МУОИНАИ МАҲБУСОН БАРОИ ТАШХИСИ БЕМОРИҲОИ ВИЧ/СПИД

Декабрь 10, 2008 09:55

        Душанбе, 10   декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). –  Муассисаҳои ислоҳи меҳнатии Тоҷикистон  бори  аввал  имконият  пайдо  намуданд, ки маҳбусонро  бо мақсади  ошкор  намудани  бемориҳои  ВИЧ/СПИД  аз  муовинаи  тиббӣ  гузаронанд. Муассисаи  рушди СММ дар  доираи  истифодаи  маблағи  кӯмаки  Бунёди  ҷаҳонии  мубориза ба  муқобили  бемориҳои  СПИД, сил ва  табларза ба  шӯъбаи  тиббии  раёсати  ислоҳи  меҳнатии  Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои ташхиси  бемориҳои  ВИЧ/СПИД  озмоишгоҳи  комилан  муҷаҳҳази  ҳозиразамонро  тӯҳфа  кард. Тибқи  нақша, кормандони озмоишгоҳ  роҳу  усулҳои  истифодаи  асбобу  анҷоми  озмоишгоҳ  ва  ташхиси  маҳбусонро  меомӯзанд. Озмоишгоҳи  мазкур  бо  кӯмаки  Бунёди  ҷаҳонии мубориза  ба  муқобили   бемориҳои  ВИЧ/СПИД  тармим  карда, бо  асбобу  анҷоми  зарурӣ  муҷаҳҳаз  гардонида  шуд. Озмоишгоҳ  ба  мутахассисони  соҳаи  тандурустии  ҳабсхонаҳо  имкон  медиҳад, ки  бемориҳои  хавфнокро  сари вақт  ошкор  намуда,  маҳбусони  беморро  таҳти табобат  қарор  диҳанд.

Декабрь 10, 2008 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд