РОҲБАРИ АМИТ «ХОВАР» ДАР МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНУ НАМОЯНДАГОНИ ВАО МАМЛАКАТҲОИ ИД

Декабрь 2, 2008 12:08

Маскав, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар» Садриддин Шамсиддинов имрӯзҳо дар мулоқоти  роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии  мамлакатҳои ИДМ ширкат меварзад, ки  дар Маскав дар мавзӯи «Воситаҳои ахбори оммавӣ ва  имкониятҳои башардӯстонаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил»  идома дорад. Роҳбари маъмурияти мамлакатҳои ИДМ  ва Балтикаи Агентии  «РИА Новости» Алан Касоев  изҳор намуд, ки   мулоқоти мазкур бо ташаббуси агентии  «РИА Новости»  гузаронида шуда, ҳадафи он муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди  журналистони мамлакатҳои Иттиҳод барои табдил додани фазои иттилоотии ИДМ ба воситаи самарабахши ҳамкорӣ мебошад. Намояндаи махсуси Президенти Русия дар масъалаҳои ҳамкории  байналхалқии фарҳангӣ Михаил Швидкой зимни суханрониаш таваҷҷӯҳи иштирокчиён ва меҳмонони мулоқотро ба  вазифаҳои воситаҳои ахбори оммавӣ ҷалб намуда  гуфт : «Дар шароити имрӯза, вақте, ки бӯҳрони шадиди молиявӣ  ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид мекунад, ҳалли бисёр масъалаҳо ба суханони оқилонаи журналистону хабарнигорон ва умуман воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста аст».Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Олег Ромодановский зикр кард, ки  «Муҳоҷират яке аз нишонаҳои ҳамгироӣ мебошад. Воситаҳои ахбори оммавӣ бояд ба  ин масъала баҳои  ҳаққонӣ ва оқилона диҳанд». Мудири иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ Татяна Бубнова дар бораи  иштироки журналистон дар  тадбирҳои  бахшида ба Мулоқоти сеюми зиёиёни илмию эҷодкорӣ ИДМ сухан ронд, ки  дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Вай  изҳор намуд, ки воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста ба зуҳуроти муносибатҳои  бюрократӣ ва ғайра дар мамлакатҳои Иттиҳод бисёр вақт имкониятҳояшонро амалӣ сохта наметавонанд.Дар мулоқот намояндагони  воситаҳои ахбори оммавии ҳамаи мамлакатҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла ширкатҳои радиою телевизион, мақомоти иҷроия ва қонунбарор, доираҳои парлумонӣ ва созмонҳои байнидавлатии ИДМ иштирок доранд.

Декабрь 2, 2008 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд