ҚУРБОНИЁНИ АМАЛИЁТИ ҲАРБИИ ИСРОИЛ

Январь 6, 2009 15:21

          Ғаззаҳ,  6  январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). – Аз  рӯи  маълумоти охирин,  дар  натиҷаи  амалиёти  ҳарбии  Исроил ба  муқобили  ҷунбиши «Хамос»  дар  воҳаи  Ғаззаҳ  бештар  аз  550  фаластинӣ  ҳалок  шуда, зиёда аз  2,5  ҳазор  нафар  маҷрӯҳ  гардид. Аксарияти  ҳалоку  маҷрӯҳшудагон  занону  бачагон ва   одамони  солхӯрда  мебошанд. Ба  қавли   намояндаи  духтурони  фаластинӣ  доктор Муовӣ  Ҳасаниён,   танҳо  дар  давоми  шабонарӯзи  охирин дар  натиҷаи  задухӯрдҳои  мусаллаҳона  камаш  20  кӯдак   ҳалок  шуд.         Тақрибан  аз чор як  қисми   ҳалокшудагон   сокинони   маҳаллӣ ва шахсони  ғайринизомӣ  мебошанд.Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  ҳавопаймоҳои  низомии  Исроил  27  декабри  соли  гузашта  ба  муқобили  ҷунбиши  «Хамос»  амалиёти  ҳарбӣ  шурӯъ  намуданд. Ба  қавли  низомиён,  ҳадафи  амалиёт  нобуд  сохтани  пойгоҳҳои  ҳарбии   ҷунбиши  «Хамос»  мебошад.           3 январ   даври  дуюми  амалиёти  ҳарбӣ  дар  воҳаи  Ғаззаҳ  оғоз  ёфт.  Ба  ҳудуди он қисмҳои  ҳарбии  пиёданизоми  Исроил  дохил  гардиданд. Дар  изҳороти  расмии  вазорати  мудофиаи   Исроил  гуфта  мешавад, ки   ҳадафи  амалиёт  ишғоли  дубораи  воҳаи  Ғаззаҳ  набуда,  балки   аз  байн  бурдани  пойгоҳҳои  низомии  ҷунбиши  «Хамос»  мебошад. Қайд  карда  мешавад, ки  дар  ҷараёни   амалиёт  ҳамагӣ  панҷ  аскари  исроилӣ  ҳалок  шудааст.

Январь 6, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд