ҲАРАҶУ МАРАҶ ДАР МАСЪАЛАИ ТАЪИНИ РОҲБАРИ «ТОҶИКТЕЛЕКОМ»
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар шумораи охирини ҳафтаномаи «Нақлиёт» таҳти унвони «Ҳасановро бо усули «хрушёвӣ» аз кор гирифтанд, Мирзоев ҳамагӣ 5 рӯз кор кард, Ҳикматов чӣ ?» мақола чоп шуд. Муаллифи мақола менависад, ки 16 декабри соли 2008 дар бораи озод кардани роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» Раҳмоналӣ Ҳасанов овоза паҳн шуд. Дар ин бора шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомӣ қарор қабул намудааст. Худи Ҳасанов хабари аз вазифа озод шуданашро аз барномаи «Ахбор» — и телевизион шунид. Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» 17 декабри соли гузашта бо ҳамон усули пештара Нӯъмон Мирзоевро роҳбари Ҷамъияти саҳҳомӣ таъин намуд. Вале, чӣ мегӯед, ки худи Мирзоев аз ин қарор бехабар буд. Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров роҳбари нави ҷамъиятро бо кормандони он шинос намуд. Р.Ҳасанов ҳамон рӯз бо кормандони ҷамъият хайру хуш карда, сабаби аз кор сабукдӯш гардиданашро нафаҳмид. Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳими Ашӯр баъди се рӯз Н.Мирзоевро ба муносибати ба вазифаи нав таъин шуданаш табрик намуд, вале ӯро 23 январ аз вазифа озод карданд. Роҳбари нави Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиктелеком» ҳамагӣ панҷ рӯз кор кард. То ҳол сабабҳои ба вуҷуд омадани бесару сомониҳо ва ҳараҷу мараҷ дар «Тоҷиктелеком» маълум нестанд. Ҷамъияти мазкур то ҳол роҳбар надорад. Аз ин сабаб кормандони он музди корашонро гирифта наметавонанд. Айни ҳол вазифаи роҳбари ҷамъиятро сармуҳандиси Шабакаи телефонии шаҳри Душанбе Музаффар Ҳикматов иҷро мекунад. Журналистон ваъда доданд, ки ҳақиқати ҳолро рӯзҳои наздик ба хонандагон маълум хоҳанд кард.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






