Д.БАЙДЕН : «АМРИКО БОЯД БА ҚУРБОНИҲОИ НАВ ТАЙЁРӢ БИНАД»

Январь 27, 2009 15:53

               Вашингтон, 27 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Ноиби президенти ИМА Ҷозеф Байден зимни сӯҳбат бо мухбири ширкати телевизионии Си — Би — Эс изҳор намуд, ки Амрико дар мавриди ба Афғонистон ворид сохтани қисмҳои иловагии ҳарбӣ бояд ба афзоиш ёфтани теъдоди курбониён омода бошад. Вай зикр намуд, ки аскарону афсарони ИМА дар ин маврид ба муқовимати дучанди душман рӯ ба рӯ хоҳанд гашт.                Ёдовар мешавем, ки президенти нави ИМА Барак Обама қарор додааст, қисмҳои ҳарбии мамлакаташро аз Ироқ бароварда, онҳоро ба Афғонистон фиристад. Тибқи нақша, ояндаи наздик ба Афғонистон иловатан то 30 ҳазор хизматчии ҳарбии амрикоӣ фиристода мешавад. Дар замина Б.Обама вазифа гузоштааст, ки қисмҳои ҳарбии мамлакаташ аз Ироқ дар давоми 16 моҳи оянда бароварда шаванд.

Январь 27, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ