ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ТАЛОҚ ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он дар ҷумҳурӣ 414 ҳазору 977 санади ҳолати шаҳрвандиро ба қайд гирифтанд. Дар ин бора дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Равшаной Умарова иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки аз шумораи санадҳои ҳолати шаҳрвандии ба қайд гирифташуда, 159 ҳазору 540 санад вобаста ба сабти таваллуд, 106 ҳазору 590 сабти никоҳ ва 7 ҳазору 480 санад вобаста ба иваз намудани фамилия, ном ва номи падар мебошад. Дар ин муддат 9 ҳазору 505 сабти никоҳ зиёд шудааст. Дар баробари ин ҷудошавии зану шавҳарон (талоқ) ва сабти вафот дар байни аҳолӣ зиёд гардид. Агар дар ҷумҳурӣ соли 2007-ум 4 ҳазору 814 ҷудошавии зану шавҳарон ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин шумора дар соли 2008-ум ба 5 ҳазору 307 адар расид. Ҳамчунин оид ба сабти вафот гуфтан мумкин аст, ки дар соли 2007-ум 30 ҳазору 597 ҳолат ба қайд гирифта шудааст ва дар соли 2008-ум ин шумора ба 30 ҳазору 853 адад расид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






