ДАР ЯК ҚАТОР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БАХШҲОИ ТАБОБАТИ БЕМОР

Январь 27, 2009 14:56

                Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил соли сипаригашта тадқиқоти холтерии фишори шараёнӣ ва набз, озмоиши фраксияи холестерин ва тропонинҳо ба роҳ монда шудааст.                Дар маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, барои дастрас намудани маводи сарфшаванда, қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои нави ташхисиву табобатӣ барои Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,200 ҳазор сомонӣ ҷудо ва тибқи шартнома бо ширкати ООО «Сино-фарма», ки дар озмуни тендерӣ ғолиб дониста шуда буд, қисман дастрас карда шуд.               Инчунин, дар доираи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015» соли равон корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.               Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии бемориҳои дил, дар ноҳияҳои Ашт, Данғара, Бохтар, Вахш, Ёвон, Қумсангир, Ҷиликул, Ҷ.Румӣ, Шаҳритус. А.Ҷомӣ, Сарбанд, Рўдакӣ ва ш.Ваҳдат бахшҳои табобати бемориҳои дил кушода шуда, миқдори катҳои кардиологӣ аз ҳисоби таҷдиди сохтори беморхонаҳо дар маҷмўъ 194 адад зиёд карда шуд.  

Январь 27, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад