ИШТИРОКИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Январь 6, 2009 16:06

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2008 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов 6 январи соли ҷорӣ  дар    маҷлиси ҷамъбастии мақомоти маҳалии ҳокимияти  давлатии ноҳияи Нуробод иштирок намуд.Тавре  ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маҷлиси ҷамъбасти  раиси ноҳия Зиёратшоҳи Сайдулло оид ба  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии  ноҳия дар соли 2008   ва вазифаҳо дар соли 2009     ҳисобот намуд. Сипас    Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов  доир ба дастовардҳо, проблемаву камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ва рушди он баромад намуд.             Нусратулло Салимов ба ҳайси аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъулини соҳаро  вазифадор намуд, ки  барои ҳалли  масъалаҳои мавҷуда ва камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ биандешанд.

Январь 6, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд