МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО Ф. АБУННАҶОД

Январь 26, 2009 16:08

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Дар вохўрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ барои татбиқи босамари заминаи боэътимоди қарордодию ҳуқуқии Тоҷикистону Миср ва дарёфти роҳҳои истифода аз имконоти фаровони ҳамкорӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати сабук ва хўрокворию дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, молия ва фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва туризм воситаи муҳими таҳкиму тавсиаи  муносибатҳои Тоҷикистону Миср маънидод гашт.Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла дар роҳи сохтмони нерўгоҳҳои обӣ дар болои дарёҳои Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвари дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ номида шуд.Тасмим гирифта шуд, ки Нораку Асвон — ин шаҳрҳои энергетикҳои Тоҷикистону Миср бародаршаҳр эълон карда шаванд.Дар вохўрӣ ҳамчунин оид ба муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчўби Созмони конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳо гуфтугў сурат гирифт.Хонум Фоиза Абуннаҷо изҳор дошт, ки иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намудани соли 2009 боиси хушнудии роҳбарият ва мусулмонони Ҷумҳурии Мисри Араб шуд. Ў ҳамчунин иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак кинофилми бадеии бисёрсериягии кинематографистони мисрӣ — «Имом Абуҳанифаи Нуъмон» — ро ба ҳайси тўҳфа ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ирсол намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин тўҳфаро саҳми арзандаи Ҷумҳурии Мисри Араб дар роҳи муаррифии ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон маънидод карда, изҳор дошт, ки он дар кўтоҳтарин мўҳлат ба тоҷикӣ гардонда ва манзури бинандагони телевизиони тоҷик карда мешавад.

Январь 26, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд