МУСОБИҚА МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД

Январь 6, 2009 16:29

         Душанбе,  6  январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). – Бозиҳои  интихобии   мусобиқаи  дастаҳои   футболи  мамлакатҳои  Осиё дар  толорҳои  пӯшида  (мини футбол),  ки  мебоист  соли равон  баргузор  мегардид,   ба  соли  2010  гузаронида  шуд. Варзишгарони Тоҷикистон,  Ӯзбекистон, Туркманистон ва  Қирғизистон  дар  ин  мусобиқа   дар  як  гурӯҳ  ширкат  меварзанд. Дастаҳои  футболи Ҳиндустону  Покистон  ва  Афғонистон  низ ба  гурӯҳи  дастаҳои  мунтахаби  ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ  шомил  карда шуданд. Бозиҳои  интихобӣ  бояд  дар  яке  аз  ин  мамлакатҳои  зикршуда  гузаронида шаванд. Вале  то  ҳол  ягон  мамлакат гузаронидани  ин  бозиҳоро  ба  зимма  нагирифтааст.

Январь 6, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд