САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХАБАРИ ИҒВОГАРОНАРО БЕАСОС МЕШУМОРАД

Январь 8, 2009 15:10

         Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Чанд рӯз пеш дар сайти интернетии  Созмони ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» дар Русия ва нашрияҳои дигари электронӣ таҳти унвони  «Гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони тоҷик 50 мусофири қатораи Маскав — Душанберо гаравгон гирифт»  мақола ҷой дода шуд. Дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар робита хабар медиҳад, ки мақолаи мазкур ягон асоси воқеӣ надорад.       Мақомоти муҳофизи қонуни Русия хабар доданд, ки  дар давоми ду ҳафтаи охир дар вилояти Астрахан аз 16 нафар шаҳрванди тоҷик дар қатораи роҳи оҳани Маскав — Душанбе шиносномаҳояшон гирифта шуданд. Онҳо ба  тағйир додани санаи гузаштанашон аз сарҳади Русия бо роҳи қаллобӣ гумонбар мебошанд.       Хабар дода мешавад, ки чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ду рӯз пеш ҷавоб дода шуд, ҳуҷҷатҳои дигарон барои тафтиш ба мақомоти дахлдор супорида шуданд. Таъкид карда шуд, ки  шаҳрвандони зикршудаи Тоҷикистон дастгир карда нашудаанд. Дар мавриди тасдиқи қалбакӣ будани қайди  шиносномаҳо соҳибони онҳо бо қарори суд аз қаламрави Русия ронда мешаванд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ҷараёни ин воқеаро назорат мекунад  ва бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳояшон гирифта шудаанд, ҳамеша дар тамос мебошад.          Бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия  кормандони намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия ба шаҳри Астрахан фиристода шуданд. Онҳо айни ҳол далелҳои мақолаи мазкурро ҳамроҳи  кормандони мақомоти муҳофизи қонуни маҳаллӣ тафтиш мекунанд. Дар бораи натиҷаҳои он ба таври илова хабар дода мешавад.           Сафорат зарур мешуморад изҳор кунад, ки  ҳадафи  мақолаи навбатии  роҳбари созмони ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» К. Шарифов дар бораи  гаравгон гирифта шудани  шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бадном сохтани намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия мебошаду халос. Дар ин бора аз  сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Январь 8, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд