ТАЪМИНИ АҲОЛИИ НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ БО КЎМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ Д
Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст, — қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. Ӯ қайд намуд, ки ҳамаи дастуру низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ оиди татбиқи Барнома ба 8 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас гардонида шуда, роҳбарону мутахассисони онҳо омўзонида шуданд. Гурўҳӣ махсуси оид ба гузаронидани мониторинги рафти амалисозии Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рашт, Спитамен, Турсунзода ва мониторинги рафти омодагиҳо барои аз аввали соли 2009 ворид намудани Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Сарбанд, Норак ва Шаҳринав таъсис дода шудааст. Бо мақсади инкишофи минбаъдаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, истифодаи самараноки маблағҳои барои хизматрасонии беморхонавӣ ҷудо гардида, Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, таҳти № 407 қабул гардидааст. Қобили қайд аст, ки таҷдиди сохтори тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таҷдиди муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ қаблан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, таҳти № 525 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ» оғоз гардида буд. Дар доираи амалисозии қарори мазкур муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз сохтори беморхонаҳо ҷудо гардида, ҳам муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳам сохторҳои госпиталӣ мустақилият ба даст оварданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






