ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР ДУШАНБЕ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Котиби матбуоти Ҷамъияти саҳҳомию холдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз имрӯз сар карда, ба хонаҳои сокинони шаҳри Душанбе дар давоми шабонарӯз 15 соат қувваи барқ дода мешавад. Вай зикр намуд, ки сабаби маҳдуд гардидани таъминоти қувваи барқ аз ҷониби Ӯзбекистон манъ кардани транзити қувваи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон мебошад. Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, ки айни ҳол ҷадвали аниқи таъминоти қувваи барқ дар пойтахт муайян карда нашудааст. Пешбинӣ карда мешавад, ки қувваи барқ дар пойтахт шабона аз соати 23 — 00 то соати 5 — 00 ва рӯзона то 3 соат қатъ карда мешавад. Қайд карда шуд, ки қувваи барқ ба маҳалҳои аҳолинишини минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар давоми шабонарӯз ҳамагӣ 3 — 4 соат дода хоҳад шуд Тарҷумон — Қудратов А.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






