ТАВЗЕҲОТ ДАР МАСЪАЛАИ ТАЪМИНОТ БО НЕРӮИ БАРҚ
Чунонки Шумо огоҳ ҳастед, бо супориши ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 10 октябри соли 2008 дар шаҳри Бишкек доир гардида буд, 18 октябри соли 2008 дар шаҳри Алмаато аз ҷониби ҳайатҳои баланпояи панҷ давлати Осиёи Марказӣ доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ аз Ҷумҳурии Туркманистон ба кишвари мо санади расмӣ ба имзо расида буд. Тиқи он мо бояд тавассути Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон, яъне аз аввали ноябр то 30 — юми апрел ҳар моҳ ба миқдори на кам аз 200 миллион киловатт — соат ва дар маҷмӯъ 1 милларду 200 миллион киловатт — соат нерӯи барқ харидорӣ мекардем. Вале аз 27 — уми декабр сар карда, Ҷумҳурии Ӯзбекистон бар хилофи санади зикршуда интиқоли транзитии барқро пеш аз ҳама бо ҳадафҳои сиёсӣ тавассути қаламрави худ иҷозат надода истодааст. Ҳамчунин Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо такя ба нархҳои ҷаҳонӣ арзиши ҳазор метри мукааб газро барои истеъмолкунандагони кишвари мо 240 доллар муқаррар намуд, ки аз нархи пешина қариб 100 доллар зиёд мебошад. Тавре ки ҳамватанони азиз медонанд, имсол якумин бор дар таърихи даҳсолаҳои охир дар натиҷаи хушксолӣ обанбори Норак ба андозаи ҳаштуним метр сатҳи оби заруриро, ки ин баробари як миллиард киловатт — соат нерӯи барқ мебошад, гирифта натавонист. Бинобар ин, мо маҷбур шудем, ки аз 27 — уми декабр истифодаи захираҳои обии худро ба низоми энергетикӣ гузаронем. Аз ин рӯ, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи тоҷик» ба таваҷҷӯҳи тамоми сокинони кишвар мерасонад, ки дар шароити баамаломада ва бо мақсади истифодаи сарфакоронаи захираҳои обиву энергетикӣ аз ҳамин рӯз сар карда, барои вилоятҳои Суғду Хатлон ба андозаи 3,5 миллион киловатт — соат дар як шабонарӯз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллион киловатт — соат ва пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе 15 соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо низоми зикршудаи нерӯи барқ тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 1 — уми январи соли равон интиқоли барқ ба корхонаи алюминий, яъне ширкати «ТАЛКО» дар ҳаҷми 6, 5 миллион киловатт — соат дар як шабонрӯз кам карда шудааст, ки ин зиёда аз 30 фоизи талаботи шабонарӯзии корхонаро ташкил медиҳад. Бинобар ин, аз мардуми шарифи мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки вазъи ба вуҷуд омадаро дуруст фаҳманд, зеро ин тадбир муваққатист ва мо барои бартараф кардани он тамоми чораҳоро андешида истодаем. Мардуми мо дар хотир дорад, ки рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтар паси сар шуданд ва имрӯз низ мо мушкилоти ба миён омадаро метавонем бо ҳамдигарфаҳмӣ ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи имкониятҳои мавҷуда бартараф намоем. Дар сурати ба кишвари мо тавассути қаламрави худ интиқоли барқи Туркманистонро иҷозат додани Ҷумҳурии Ӯзбекистон реҷаи таъминоти аҳолӣ аз нав баррасӣ гардида, ба таваҷҷӯҳи сокинони кишвар расонида мешавад. Вазорати энергетика, Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






