ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА» НОВЕЛЛАҲОИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОНИРО БА НАВОР МЕГИРАД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2008 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори муассиса Маҳмадсаид Пиров ба хабарнигорон гуфт, ки соли гузашта чор филми телевизионӣ ба навор гирифта шуд. Аз ҷумла филми нави «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» дар кинотеатрҳои пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Кормандони телевизион айни ҳол таҳияи филми «Пуштаи хандақпӯш» — ро аз рӯи намоишномаи Муҳаммад Ғоиб ва филми «Мӯза» — ро аз рӯи намоишномаи Юнус Юсуфов ба анҷом мерасонанд. Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2009 дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» камаш даҳ новеллаи нави телевизионӣ ба навор гирифта мешавад. Мо ҳамчунин таҳияи силсилаи нави филмҳои таърихию мустанадро ба нақша гирифтаем. Ба таҳияи онҳо яке аз коргардонони маъруфи хориҷӣ ҷалб карда мешавад, гуфт М. Пиров.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






