Ҳ. АХМЕДОВ: «СОЗИШНОМА БА МАНФИАТИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

Февраль 18, 2009 11:51

                  Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой» ҷонибдорӣ гардид. Бо ҷонибдории Созишномаи мазкур дар заминаи пойгоҳи илмии Помир барои гузаронидани тадқиқоти муштарак дар соҳаи шуоҳои кайҳонии нерӯяшон фавқулбаланд Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой» таъсис дода мешавад.                  Созишномаи мазкур ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ манфиат дорад? Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Ахмедов посух мегӯяд:                Мӯҳтарам Ҳаким Мунавварович мегуфтед, ки Созишнома кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад таҳия ва имзо шудааст?                 — Созишномаи мазкур бо мақсади ташкили Маркази байналмилалии илмӣ -тадқиқотии «Помир-Чақалтой» ҷиҳати амалӣ намудани тадқиқоти муштараки ядроӣ ва астрофизикии шуоҳои кайҳонии нерӯяшон фақулбаланд дар доираи озмоишҳои байналмилалии «Помир-Чақалтой» таҳия гардидааст. Созишнома аз ҷониби намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси Академияи илмҳои ҶТ Мамадшо Илолов ва намояндаи ваколатдори Ҳукумати Федаретсияи Россия, муовини вазири илм ва маорифи Россия И.Сенчурин 29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.                 Муҳимияти таъсиси Маркази байналмилалии «Помир-Чақалтой» дар чист?                 Ташкили Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир -Чақалтой» барои омӯзиши масъалаи таъсири мутақобилаи зарраҳои нерӯяшон фавқулбаланд аз ду ҷиҳат муҳим аст.Ҷиҳати аз ҳама асосӣ ин аст, ки афзоиши нерӯи зарраҳо имконият медиҳад, ки қонуниятҳо ва хусусиятҳои нави таъсири мутақобилаи зарраҳо муқаррар карда шаванд.Барои дар шароити замин омӯхтани таъсири мутақобилаи зарраҳои нерӯяшон фавқулбаланд ин гуна зарраҳоро гирифтан лозим.                 Дар робита ақидаҳое ба миён омаданд, ки бо ин мақсад аз шуоҳои қайҳонӣ ё сели нерӯҳои фавқулбаланд истифода карда шавад, ки онҳо ба таври доимӣ аз коинот ба сӯи замин меоянд. Яке аз усулҳои самаранок ва камсарф ба қайд гирифтани шуоҳо ин ба навор гирифтани нур дар камераҳои рентгенӣ-эмулсионӣ мебошад. Ин гуна камераҳои калонтарин соли 1972 аз ҷониби олимони Россия ва Тоҷикистон дар доираи таҷрибаи Помир барои таъсиси шӯъбаи қайҳонии нерӯяшон фавқулбаланд дар озмоишгоҳи илмии воқеъ дар баландии 4 ҳазору 400 метр аз сатҳи баҳр дар мавзеи Оқархари ноҳияи Мурғоби Бадахшон сохта шуд. Аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар таҷрибаи Помир олимони Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, инчунин давлатҳои Полша ва Бразилия иштирок доштанд. Бояд зикр кард, ки корҳои доир ба таҳқиқи шуоҳои қайҳонии нерӯяшон фавқулбаланд дар як вақт дар Боливия (Амрикои Ҷанубӣ) гузаронида мешуданд.                Ҳамчунин гурӯҳи калони кормандони донишгоҳҳои Япония дар кӯҳи Фудзияма дар баландии 3 ҳазору 750 метр аз сатҳи баҳр чунин корҳоро мебурданд.               Созишномаи ҳамкории Помир — Чақалтой кай ва дар куҷо ба имзо расида буд?                 Вобаста ба ҳамроҳ шудани Япония ва Боливия ба таҷрибаи Помир бо мақсади ҳамоҳанг сохтани таҷрибаҳо бо истифодаи камераҳои рентгенӣ-эмулсионӣ соли 1987 дар Париж дар конференсияи байналмилалӣ оид ба шуоҳои кайҳонӣ Созишномаи ҳамкории Помир-Чақалтой ба имзо расид, ки 8 давлати ҷаҳонро муттаҳид менамуд. Дар доираи таҷрибаи Помир-Чақалтой олимони 8 давлати ҷаҳон то соли 1991 самаранок кор карданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳо дар ин самт қатъ гардиданд.                 Аз кадом сол пойгоҳи илмии тадқиқотии «Помир-Чақалтой» ба тавозуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дароварда шуд?                  Бо назардошти муҳимияти гузаронидани таҷрибаҳо дар соҳаи омӯзиши шуоҳои кайҳонии нерӯяшон фавқулбаланд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 15 марти соли 1999 пойгоҳи илмии тадқиқотии қайҳонии «Помир-Чақалтой»-ро ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донист. Ҷиҳати иҷрои ин қарор Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми амволи манқул ва ғайриманқули пойгоҳи илмии «Помир-Чақалтой»-ро ба тавозуни худ гирифт. Дар ин қарор ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуда буд, ки масъалаи таъсиси Маркази байналмилалии «Помир-Чақалтой»-ро дар заминаи пойгоҳи илмии Помир барои гузаронидани тадқиқоти муштарак дар соҳаи шуоҳои кайҳонии нерӯяшон фавқулбаландро баррасӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Лоиҳаи Созишнома аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли 1999 таҳия шуда буд. Аммо, даъвоҳои институти физикаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия имконият надод, ки Созишнома омода гардида, саривақт ба имзо расонида шавад. Созишнома аз чанд модда иборат аст?                  Созишнома аз 20 модда иборат аст. Дар моддаҳои алоҳидаи он мақсади таъсиси Маркази байналмилалӣ, тарзи қабули оиномаи Марказ, масъулони иҷрои Созишнома ва ҳамоҳангсозони корҳои илмию тадқиқотии бунёдӣ, ҳуқуқҳо ва саҳми тарафҳо дар таъсиси Марказ, Мақомоти олии роҳбарикунанда ва иҷроияи Марказ воситаҳои маблағгузории корҳои илмие, ки дар Марказ анҷом дода мешаванд, забони ҳуҷҷатгузорӣ, имтиёзҳо ва маҳдудиятҳое, ки барои намояндагони ваколатдори тарафҳо ва шахсони вазифадори дирексия ҷиҳати фаъолияти мунтазами кори Марказ заруранд тарзи ҳамроҳшавии дигар давлатҳо ба ин Созишнома, тартиби кор ҳангоми қатъ гаштани фаъолияти Марказ ва мӯҳлати амали Созишнома оварда шудаанд.                  Марказ аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ карда мешавад?                  Тибқи моддаи 9-и Созишнома маблағгузории Марказ, маблағгузории корҳои илмии тадқиқотии бунёдӣ, ки дар Марказ гузаронида мешаванд, аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои илмии тадқиқотии Тоҷикистон ва Россия ташкилотҳои илмии давлатҳои дигари Марказ, фондҳои миллӣ ва бйналимлалии илмӣ ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ карда мешавад. Маблағгузории фаъолияти маъмурияти Марказ ва таъминоти моликияти он, аз ҷумла моликияти зеҳнии он дар асоси баробарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ-давлатӣ, ки ба Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷудо мегарданд ва маблағҳои федерелии ба Агентии федералии оид ба илм ва инноватсия ҷудонамудаи Федератсияи Россия амалӣ карда мешаванд.                   Аҳамияти Созишнома аз чӣ иборат аст?                    Созишнома имкон медиҳад, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бунёдӣ дар самти физикаи ядро ва астрофизикаи шуоҳои кайҳонии нерӯяшон фавқулбаланд дар институти физика ва техника ва ҳамчунин институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дода шуда, кадрҳои баландихтисоси миллӣ дар ин соҳа тайёр карда шаванд.                   Оё ба Созишнома дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамроҳ мешаванд?                   Интизор меравад, ки ба Созишномаи мазкур даҳ давлати ҷаҳон аз ҷумла, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Боливия, Япония, Бразилия, Чин, Россия ҳамроҳ хоҳанд шуд. Иштирок дар иҷрои барномаҳои илмии Марказ дар асоси маблағгузориҳо аз ин давлатҳо амалӣ мегарданд.                   Таъсиси Маркази байналмилалии мазкур барои кишвари мо чӣ манфиат меорад?                  Воқеъан Созишнома ба манфиати Тоҷикистон аст. Марказ ба Тоҷикистон, ки яке аз муассисон аст, соҳиби маблағҳои муайян мешавад. Васеъшавии самти кор ва фаъолияти Марказ водор месозад, ки корҳои сохтмонӣ, ободонӣ дар ин мавзеъ шурӯъ шуда, инфраструктураи зарурӣ пайдо шавад. Инчунин зарурияти хизматрасонӣ ба асбобу таҷҳизоти зиёди илмӣ пайдо мешавад. Яъне дар Марказ аз посбон сар карда то сохтмончӣ, лаборант, муҳандисони тамоми соҳаҳо, ходимони илмӣ кору фаъолият менамоянд. Умуман шаҳрвнадони мо дар Маркази мазкур бо ҷои кор таъмин мегарданд. Оҳиста -оҳиста ин мавзеъи кишварамон обод хоҳад гашт.

Февраль 18, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд