ҶАВОНОНИ БОЛАЁҚАТ РАИСОНИ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАҲО МЕШАВАНД
Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То 1 марти соли равон дар пойтахт интихоби раисони шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. М. Убайдуллоев нақши раисони шаҳраку маҳаллаҳоро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, тозагию ободонӣ ва баланд бардоштани фарҳангӣ шарҳрдорӣ муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки бо назардошт риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ бояд дар вазифаи раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ҷавонони дорои қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҷалб карда шаванд. Вобаста ба ин то моҳи марти соли равон дар пойтахт интихоби раисони шаҳраку маҳаллаҳо баргузор карда мешавад. Собиқ раисони шаҳраку маҳаллаҳо, ки синнашон ба нафақа расидаанд ё солхӯрдаан, ба ҳар кадоме аз фонди захиравии Раиси шаҳр барои хизматҳои арзандаашон 500 сомонӣ супорида мешавад. Инчунин, аз тарафи раисони ноҳияҳо ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карда хоҳад шуд








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






