АЗ ХАРИДИ ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ ХУДДОРӢ КУНЕД

Февраль 13, 2009 14:19

                Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре, ки аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хисрав, деҳаи ба номи Ворошилов Х. Мусоев бо мақсади ба даст овардани маблағ бо роҳи қаллобӣ ба боварии шаҳрвандон даромад. Ба онҳо ҳар гуна маҳлулҳои аз муоинаи лабораторӣ нагузашта, бидуни литсензия ва сертификат ҳамчун доруворӣ дода, бар ивази он маблағҳои шаҳрвандонро гирифта аз они худ намудааст.               Чи тавре, ки ӯ дар моҳи августи соли 2008, дар ноҳияи Восеъ аз шаҳрвандон Н. Иззатуллоев 80 сомонӣ, Ш. Абдуллоев 80 сомонӣ, М. Қурбоналиев 100 сомонӣ, О. Ҳакимова 100 сомонӣ, дар ноҳияи ба номи Ҷ. Румӣ бошад аз Ч. Шоямқулов 200 доллари амрикоӣ, Х. Турсунов 300 доллари амрикоӣ, Ч. Култаев 100 доллари амрикоӣ, З. Рузиқулова 3 700 доллари амрикоӣ гирифта аз они худ намуда, ба онҳо маҳлулҳои худсозро ҳамчун доруворӣ бо роҳи фиреб фурӯхта, ба саломатии онҳо зарар расонидааст.                Нисбати Х. Мусоев аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Февраль 13, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд