М.УБАЙДУЛЛОЕВ БО СОҲИБКОРОН МУЛОҚОТ МЕНАМОЯД
Душанбе, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 марти соли равон дар «Маркази равобити пойтахт» мулоқоти озоду ихтисосии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо доираи васеи соҳибкорони пойтахт баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи таҳкими фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ҷиҳати рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоии пойтахт моҳи майи соли 2003 таъсис дода шуда буд, гузаронида мешавад.Ҳадафи мулоқот густариши ҳамкорӣ бо дастгирии соҳибкории хурду миёна ва дар заминаи он коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар пойтахт мебошад, гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матуботи Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов. Соҳибкорон, роҳбарони субъектҳои хоҷагидори пойтахт новобаста аз шаклу тобеъияти идоравӣ ва васоити ахбори омма имкон доранд ҷиҳати дар марҳилаи рушди кунунии пойтахт боз ҳам дар сатҳи густурда ба роҳ мондани робитаҳои қавию манфиатбахши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сектори сеюм андешаву пешниҳодоти худро роҷеъ ба проблемаҳои ҷойдошта ва монеъшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар ҷараёни мулоқот муҳокима мешаванд, ба унвонии Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе (227-96-39), Раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополӣ дар шаҳри Душанбе (221-27-41) ва Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе (235-52-41) ё почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ирсол доранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






