НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ БУНЁД ХОҲАД ЁФТ
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов). Бар асоси иттилои муовини раиси Муминобод оид ба корҳои сохтмонӣ Давлаталӣ Набиев дар ноҳия 5 лоиҳа барои сохтмони Нерӯгоҳи хурди барқӣ (НХБ) ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардид. Ба гуфтаи ин манбаъ, сохтмони НХБ дар деҳаҳои Алака, Марғак, Сангдара, Охҷар, Лангар ва Толеъ ба нақшагирифта шуд. Иқтидори НХБ аз 50 то 200 кВ/с дарбар гирифта барои бунёди 1 нерӯгоҳ маблағи аз 20 то 100 ҳазор доллари амрико зарур меояд. Сохтмони НХБ дар якҷоягӣ бо вазорати мелиорация ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ, маркази соҳаи энергетика ва сокинони ин ноҳия ба анҷом хоҳад расонд. Оғози сохтмони неругоҳҳо дар ноҳия баъди тасдиқи лоиҳа сурат хоҳад гирифт, изҳор дошт Д. Набиев.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






