ҚАРОРИ СУДИ ОЛИИ АФҒОНИСТОН

Март 30, 2009 13:55

                  Кобул, 30 март. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Суди олии Афғонистон дар бораи дароз кардани мӯҳлати ваколатҳои президенти ҳозираи мамлакат Ҳамид Карзай то интихоботи президенти оянда қарор қабул намуд.  Телевизиони Афғонистон бо истинод ба қарори Суди олӣ хабар дод, ки суд тарафдори дароз кардани мӯҳлати ваколати президент ва ноиби он то ҷамъбасти интихоботи президенти оянда ва ба ҳукумати нав супоридани ҳокимият мебошад. Мувофиқи Қонуни асосии Афғонистон, мӯҳлати ваколатҳои президентии Ҳамид Карзай 21 май ба охир мерасад. Тибқи қарори қабулшуда, интихоботи президенти нави Афғонистон 20 август баргузор мегардад.                  Вале қувваҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон чунин мешуморанд, ки то интихоботи президент дар мамлакат бояд ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шавад. Онҳо дар масъалаи дароз кардани мӯҳлати ваколати президент изҳори норизоӣ намуданд.  

Март 30, 2009 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид