ҚОЧОҚЧӢ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 13 марти соли 2009 кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе буда, ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хати сайри № 627 самти Душанбе-Москав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи кӯчаи Курганская 7, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Зоиршо Эшоновро, ки соли таваллудаш 1983 мебошад дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавасcути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, боздошт намуданд. Кормандони гумрук аз пинҳонгоҳи сумкаҳои З.Эшонов ду бастаи дуқабатаи пластмасиро пайдо карданд, ки дар дохили онҳо маводи хокамонанди рангаш сафедмонанд ба героин, дарёфт ва мусодира намуданд. Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки хокаи сафеди дарёфткардашуда, героин буда, вазни холиси он 2 килограмму 528 грамро ташкил дод. Доир ба ҳодисаи мазкур нисбати З.Эшонов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи нақлиётии ҷумҳурӣ фиристонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






