ҚУРБИ ДОЛЛАР ДАР БОЗОРИ НАҚДӢ ТАҒЙИР НАЁФТ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, мӯътадил монд ва дар сатҳи 3,81 — 3,83 сомонӣ қарор дошт. Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти «сомонӣ — рубл» аз рӯи қурби миёнаи 0,1073 сомонӣ ба назар расиданд. Аз рӯи ҷуфти «сомонӣ — доллар» бошад, амалиётҳо камтар ба мушоҳида расиданд ва бинобар ин, қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо аз 3,7935 то 3,7695 сомонӣ поён рафт.