БАРОРИШИ ВОМБАРГҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 1 марти соли 2009-ум бар ивази вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2002 ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2009-умро, ки арзишашон 10 cомонӣ ва 20 сомонӣ мебошад, ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот баровард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, муштариёни метавонанд ба ҳамаи муассисаҳои «Амонатбонк» барои харидории вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 муроҷиат намоянд. Аҳолии ҷумҳурӣ вомбаргҳои давлатии барориши соли 2002-юмро бе мамоният ба вомбаргҳои давлатии бурдноки барориши соли 2009 иваз намуда метавонанд. Бояд гуфт, ки бозии аввалини бурди вомбаргҳои давлатии барориши соли 2009 рӯзи 30 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






