БОНКИ «ЭСХАТА» ҚАРЗҲОИ КРЕДИТИРО АФЗОИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) бонки «Эсхата» барои муҳоҷирони меҳнатӣ тарзи нави гирифтани чиптаро бо роҳҳои кредитӣ дубора ҷонок кард. Тавре аз бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин тарзи нави хизматрасонӣ бо назардошти беҳтар намудани ҳадафи аслии қарздиҳӣ — рушди соҳибкории хурду миёна ва қонеъ гардонидани талаботи эҳтиёҷмандон, роҳандозӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҶСК бонки «Эсхата» ба бӯҳрони молиявии имрӯза нигоҳ накарда ҳаҷми сандуқи қарзии худро зиёд менамояд. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми сандуқи қарзии бонк беш аз 162 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 фоиз зиёд аст. Дар ду моҳи охири соли равон бонки «Эсхата» ба маблағи зиёда аз 43 миллион сомонӣ ба ду ҳазор нафар қарзҳои кредитӣ додаст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






