ДАР ИШКОШИМ ЗИЁДА АЗ 40 КГ МАВОДИ НАШАЪОВАР МУСОДИРА ШУД
Душанбе, 30 марта. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ сарҳадбонони тоҷик дар натиҷаи амалиёти махсус Ҳалим Шодиев, Шер Раҷабов, Меҳроҷ Раҳмонбеков ва Шокирбек Шердиловро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд боздошт намуда, аз онҳо ду халта маводи нашаъовар мусодира намуданд. Маводи мусодирашуда навъи канабис буда вазнаш 43 кг ташкил дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






