ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ ИДОМА МЕЁБАД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул, дар ояндаи наздик миёни Вазорати энергетика ва савдои Тоҷикистон ва як ширкати чинӣ, ки ҳоло ба сохтмони хатҳои интиқоли бариқи 500 кВт-и «Ҷануб-Шимол» ба ӯҳда дорад, қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад. Ширкати «Tebian electric Apparatus» хоҳиш дорад дар сохтмони маркази гармидиҳии барқӣ дар Душанбе, як нерӯгоҳ бо иқтидори 200 мегаватт дар дарёи Хингов ва таҷдиди корхонаи тавлиди трасформатории Қурғонтеппа ширкат намояд.