ИМА БА ТОҶИКИСТОН БЕШТАР КӮМАК МЕРАСОНАД

Март 20, 2009 09:31

                   Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар давоми моҳҳои январу феврали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 16 миллиону 550 ҳазор доллари ИМА кӯмаки башардӯстона расонда шуд. Ин кӯмакро 26 мамлакати хориҷӣ расонд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 885 ҳазор доллар орд, ба маблағи як миллион доллар равғани наботӣ ва ба маблағи қариб 8 миллион доллар дору ворид карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки дар байни мамлакатҳои мададгори Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳида мақоми аввалро ишғол менамояд. Дар ин бобат Латвия дар ҷои дуюм ва Олмон дар ҷои сеюм қарор доранд.

Март 20, 2009 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд