ИСТАРАВШАН СОҲИБИ «ТОҶИ ЗАРРИН»

Март 30, 2009 11:29

             Истаравшан, 30 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло). — Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мусобиқаи меҳнатии, байни шаҳру ноҳияҳо, корхонаву ташкилотҳо ва коркунони мухталифи соҳаҳои комплекси агросаноатии вилояти Суғд дар соли 2008 ҷамъбаст карда шуд.             Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ» ва Қарори раиси вилояти Суғд аз 24 феврали соли 1998, рақами 43 «Дар бораи Низомномаи мусобиқаи меҳнатӣ», бо назардошти пешниҳоди комиссияи вилоятӣ оид ба ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатии шаҳру ноҳияҳо, корхонаву ташкилотҳо ва коркунони мухталифи соҳаи комплекси агросаноатии шаҳри Истаравшан дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷолиби мусобиқаи меҳнатӣ дониста шуда, соҳиби «Тоҷи заррин» ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.               Инчунин, дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоавӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, хоҷагиҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои иҷоракорон ва ассотсиатсияҳои кооперативҳои кишоварзии вилояти Суғд хоҷагии деҳқонии ба номи О.Убайдуллоеви ноҳияи Б. Fафуров ҷолиб дониста шуда бо вимпели сайёр ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.17 нафар кормандони соҳаҳои мухталифи комплекси агросаноатии вилоят ҳамчун «Коркуни беҳтарин» дар ҷамъбасти мусобиқаи меҳнатии соли 2008 ҳисобида шуда бо нишонҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Суғд сарфароз гардиданд.                 Хушбахтона аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан дар соли 2008 самти кишоварзӣ тамоми намудҳои нақшаҳои хешро иҷро кард. Кишти аввалибаҳории зироатҳо, ғалладонагиҳо, пахта, картошка, полезӣ ва зироатҳои хӯроки чорво зиёда аз 100 фоиз иҷро шуд, — гуфт дар сӯҳбат муовини раиси шаҳри Истаравшан Пиримқул Нуриддинов, ки самти кишоварзиро раҳнамоӣ мекунад. Дар майдони 115 га боғи нав ва 180 га токзори нав бунёд гардида, 64 га боғ ва 30 га токзор аз нав барқарор карда шуд. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ зиёда аз 305 ҳазор дона ниҳолҳо шинонда шуданд. Дастовардҳо дар мавриди истеҳсоли ангур, ғалла, картошка, пахта ва дигар навъҳои зироат ва сабзавотҳо аз ҳарсола дида бештар гардид. Чорводорӣ низ аз ҳарвақта дида зиёдтар шуд, саршумор афзоиш ёфта дар масъалаи истифодаи техникаи кишоварзӣ, таъминоти оби полезӣ ва истифодаи оқилонаи замин дастовардҳои назаррас ба даст омаданд.                 Соҳиби ҷоизаи «Тоҷи заррин» гардидан ва ишғол кардани ҷои аввал дар миқёси вилояти Суғд моро водор мекунад, ки дар соли равон аз ҳарсола дида бештар меҳнат кунем. «Шукр, ки боду ҳавои имсола хеле мусоид омад.        То имрӯз мо аллакай нақшаи кишти баҳориро бештар аз 100 фоиз ташкил ва бунёди боғҳои навро 113 фоиз, ва ниҳолшинониро 103 фоиз иҷро кардем. Итминони комил дорем, ки дар натиҷаи меҳнати ҳалоли кишоварзон ва саъю кӯшиши умум соли 2009 бо дастовардҳои боз ҳам бештар ҷамъбаст хоҳем кард, — иброз дошт П. Нуриддинов.                                                                                                                            Таҳрири Жасмин Назарова  

Март 30, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад