МАЪРАКАҲОИ МИЛЛӢ БА ТАРТИБ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД
Кӯлоб, 13 март (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Фаъолияти комиссияҳои танзими расму анъана ва тӯю маъракаҳои дар тамоми шаҳру ноҳия, деҳот ва корхонаю муассисаҳои вилояти Хатлон давом дорад. Аъзоёни комиссия дар байни мардум ташвиқоту тарғибот гузаронида, вохӯриҳо ташкил намуда, аҳамияти фармони Сарвари давлатро дар ин масъала мефаҳонанд ва дар тӯю маъракаҳо иштирок намуда, барои камхарҷу муташаккилона гузаронидани онҳо сари вақт тадбирҳо меандешанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин мулоқот 12 март дар Шӯрои деҳоти «Даҳана» — и ноҳияи Кӯлоб баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, имом — хатибони масҷидҳо, мудирони мактабҳо, намояндагони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд. Дар мулоқот рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму анъанаҳо ва маъракаҳои миллӣ» ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои деҳоти «Даҳана» Иззатулло Раҳимов зикр кард, ки дар давоми як соли гузашта дар ҳудуди ҷамоат 428 тӯй, 353 маросими ақди никоҳ, 43 тӯи хатна ва 111 маросими ҷаноза баргузор гардид. Ҳамаи ин маъракаҳо дар доираи қонуни зикршуда гузаронида шуданд. Дар онҳо фаъолони ҷамоат иштирок намуда, ба соҳибони маъракаҳо маслиҳату машваратҳои муфид доданд. Бо вуҷуди ин баъзе одамон талаботи қонунро сарфи назар карда, мехоҳанд, ки маъракаҳои худро ботантанаю дабдаба гузаронанд. Вале аъзои комиссия пеши роҳи чунин одамонро сари вақт мегиранд. Аъзои комиссия дар давоми як сол дар гузаронидани тӯю маъракаҳо шаш қонуншиканиро ба қайд гирифтанд. Бо пешниҳоди аъзои комиссия дар мақомоти суд ба гунаҳкорон ба маблағи зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Аҳолии маҳаллӣ талаботи қонуни танзими расму оинҳои миллиро торафт бештар меомӯзад. Дар давоми ду соли охир дар ҷамоати мо маросимҳои ботантанаи динӣ, аз ҷумла, пешвозгирии ҳоҷиён, таҷлили рӯзҳои таваллуд, занги охирин ва ғайра гузаронида нашудаанд. Ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки одамони машҳур ва падару модаронашон гусел карда мешаванд. Умуман, фаъолияти комиссияҳои танзими расму анъанаҳои миллӣ ба манфиати мардум мебошад, гуфт дар хотима И.Раҳимов.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






