ШАРТНОМАҲО ИҶБОРӢ ИҶРО МЕШАВАНД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои прокурори шаҳри Сарбанд Амонулло Азизуллоев, тибқи супориши прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, доир ба иҷроиши қонунгузорӣ вобаста ба саривақт пардохтани маблағҳо оид ба истифодабарии қувваи барқ, санҷиши прокурорӣ гузаронида шуд. Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки моддаи 330-и Кодекси градании Тоҷикистон дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳо миёни корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ва Ширкати «Барқи тоҷик» дағалона вайрон карда шудааст. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр, мавсум ба «ТоҷикАзот» аз ширкати «Барқи тоҷик» 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ карздор аст ва пардохти қарзро то рӯзи санҷиши прокурорӣ кашол додаст. Аз ин рӯ прокурори шаҳри Сарбанд амр дод, ки қарзи «Барқи тоҷик» аз ҷониби «ТоҷикАзот» пардохт карда шавад. Аз корхонаи «ТоҷикАзот» иттилоъ доданд, ки қисми аввали қарз ба андозаи 2 миллион сомонӣ ба ширкати «Барқи тоҷик» пардохт карда шудааст.