ТӮЙҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД
Истаравшан, 3 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Бино ба гуфти мудири шуъбаи дастгоҳи раиси ноҳияи Зафаробод Х. Партобов дар аксари ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур гузарондани чорабиниҳои «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, аҳамияти камхарҷ гузаронидани онро кормандони масъул ба мардум мефаҳмонад. Ба наздикӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи номбурда рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид, ки дар он аксари кормандони тиб ҳузур доштанд. Дар ҷамъомад аъзоёни комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Зарбдор» А. Иброҳимов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Р. Муллоҷонов ва дигарон ба сухан баромада оид ба боз ҳам камхарҷ кардани маъракаҳо андешаҳои худро баён намуданд. Мақсади асосии мо, — мегӯяд, ӯ татбиқи қонуни мазкур дар ҳаёт аст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






