ТАҶЛИЛИ ИДИ МАТБУОТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 11 март дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд иди касбии рўзноманигорони тоҷик — Рўзи матбуоти тоҷик бо ширкати рӯзноманигорон ва намояндагони матбаа ва нашриётҳои вилоят таҷлил гардид. Аҳли қаламро бо иди касбӣ муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуда, ба гурӯҳи рӯзноманигорон тўҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — нишони сарсинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва мукофотҳои Созмони вилоятии Иттифоқи журналистонро тақдим кард. Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳом Ҷамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон, худи ҳамин рӯз ғолибони озмуни вилоятии рӯзноманигори ҷавон «Хомаи заррин» муайян шуд ва дави умумӣ, ки дар доираи таҷлили Рўзи матбуот пешбинӣ шуда буданд, доир гардид. Ёдрас мешавем, ки 9 март раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо собиқадорони матбуот, кормандони нашриёту матбааҳо ва намояндагони расонаҳои хабарии хориҷию дохилии вилоят мулоқот карда, ба 20 нафар собиқадорони матбуот ба маблағи 100 сомонӣ тӯҳфаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуда буд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






