ТАЙЁРӢ БА ОЗМУН ДАВОМ ДОРАД

Март 30, 2009 12:11

                    Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Тоҷикистон тайёрӣ ба гузаронидани озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон «Панҷ ситораи интервизион» давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки масъалаҳои техникӣ ва ташкилии гузаронидаи озмун аллакай ҳал карда шуданд. Тавре хабар дода шуда буд, озмуни мазкур дар Кохи Борбар баргузор мегардад. Бо қарори Комиссияи тадорукот, толори Кохи Борбад ба талаботи техникӣ ва стандарти чунин озмунҳо мувофиқ карда хоҳад шуд. Озмуни мазкурро Шабакаи аввали телевизиони Русия баргузор месозад. Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва телевизиони «Сафина» ҷараёни озмунро пурра намоиш медиҳанд.                    Дар озмун овозхонони ҳамаи мамлакатҳои ИДМ ва соҳили Балтика иштирок хоҳанд кард. То имрӯз ҳамаи мамлакатҳои мазкур барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод намуданд. Иштирокчиёни озмун дар натиҷаи озмунҳои миллӣ интихоб карда мешаванд.                    Маросими ифтитоҳ, суханрониҳои нотиқон ва ҷамъбасти хотимавии озмун бо ду забон — забонҳои тоҷикӣ ва русӣ намоиш дода мешавад.  

Март 30, 2009 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд