ТАЛОШҲОИ МО БОЯД АМАЛӢ ШАВАНД

Март 30, 2009 11:12

                      Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар наврӯзи соли ҷорӣ вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро дар вилояти Балх пайвандгарони роҳи иқтисодии давлатҳои форсзабон номгузорӣ намуданд. Мақсади асосии ин вохӯрӣ пеш аз ҳама амалӣ шудани сохтмони роҳи оҳан миёни ин се давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг буд.                      «Танҳо дар сурати амалӣ шудани ин лоиҳа Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ , баромада метавонад, вагарна дигар ҳама суханҳои «баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ» ҷуз ҳарфҳои хушку холӣ чизи дигар нахоҳад буд», -мегӯяд коршинос Байзо Нуруллоев.                       Ба гуфти мутахассисон ин роҳ «Роҳи оҳани Ҷалолиддини Румӣ-Панҷи Поён-Шерхонбандар-Ҳирот-Машҳад-Халиҷи Форс» бояд бошад, то тавонад дар рушди иқтисоди кишварҳои ҳамсоя, бахусус Тоҷикистон хуб мусоидат намояд. 

Март 30, 2009 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд