ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаи ҷойҳои холии кор гузаронида шуд. Соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 118 ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор гардид. Ярмаркаи навбатӣ, ки бо ибтикори Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, 119 — умин ярмарка дар соли ҷорӣ мебошад. Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор ғайр аз корхонаҳои давлатӣ корхонаҳои хусусӣ ва субъектҳои хоҷагидор низ ширкат варзида, барои ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани коргарон дархостҳои худро пешниҳод намуданд. Дар ярмаркаи навбатӣ корфармоёни давлатҳои хориҷи кишвар низ иштирок намуда, бо истифода аз қувваи арзони кории ин ҷо барои худ мутахассисони лаёқатмандро ба кор даъват намуданд. Аз ҷумла 30 нафар ронандагон барои нақлиёти мусофиркашонӣ бо пешниҳоди 1000 доллари амрикоӣ ва таъмини манзил дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия ба кор даъват гардиданд. Дар ярмарка аз 59 корхонаю ташкилоти ватанӣ барои бештар аз 3 ҳазор ҷои кор дархост пешниҳод гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






