НАМОИШНОМАИ МУШТАРАКИ ТЕАТРҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, 21 апрел Вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳунармандони Театри лўхтаки вилояти Кемеровои Федерацияи Русияро бо роҳбарии саркоргардони театр Дмитрий Вихрецкий ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ байни театрҳои лўхтаки Тоҷикистону Федерацияи Русия муҳокима гардиданд. Намояндагони театри мазкур зикр намуданд, ки ин сафари аввалини онҳо ба Тоҷикистон мебошад. Онҳо умед карданд, ки дар оянда бо намоишномахои нав ба нав ба Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ намуда, хотири бинандагони хурдсоли тоҷикро шод мегардонанд. Ёдовар мешавем, ки Театри давлатии шаҳри Кемеровои Федератсияи Русия бо намоишномаи муштараки театрҳои Тоҷикистону Русия «Медвежонок Рим-тим-те» 20 апрел ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Муаллифи намоишномаи «Медвежонок Рим-тим-те» ё («Хирсак Рим-тим-те») Ян Вилковский буда, дар таҳияи режиссёр Дмитрий Вихрецкий рўи саҳна омадааст. Сафари ҳунармандони рус то 1-уми май идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Вазорати фарҳангиҶТ хабар доданд.