АМАЛИЁТИ «КӮКНОР- 2009»

Май 20, 2009 10:48

                          Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май ва то 30 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор- 2009» гузаронида мешавад. Дар ин амалиёт кормандони ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашаъовар, Хадамоти гумрук, вазоратҳои адлия, тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи радио ва телевизион, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор- 2009» дар назди Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва таъмини фаъолияти оперативии мақомот ва вазорату идораҳои муҳофизи қонуну тартибот фаъолият мекунад.                           Ғайр аз ин, дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гуруҳҳои якҷояи зудамали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва мутахассисон, бо мақсади ошкор намудан ва несту нобуд кардани кишти ғайриқонунии растаниҳои нашаъдор ва худрӯй дар ҳамаи хоҷагиҳо, новобаста аз шаклашон ва барои ошкору пешгирии интиқоли ғайриқонунии моддаҳои нашаъовар назорат мебаранд.                          Мавриди зикр аст, ки дар шоҳроҳҳои Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Дарвоз-Душанбе, Душанбе-Ҷиргатол, Кӯлоб-Душанбе, Панҷ-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Турсунзода, Душанбе — Панҷакент, Хуҷанд — Исфара, ки асосан интиқоли ғайриқонунии маводи нашаъовар тавассути онҳо сурат мегирад, дидбонгоҳҳои доимӣ ва гурӯҳҳои зудамал ҷойгир шудаанд.                         Тавре аз АНМН ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар роҳҳои дигари ҳудуди ҷумҳурӣ баҳри пешгирии интиқоли маводи мухаддир дар минтақаҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва чораҳои иловагӣ андешида шудааст.

Май 20, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд