БА ҲАР ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶБВ 350 СОМОНӢ

Май 4, 2009 15:20

                Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.               Дар машварат натиҷаҳои чормоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, вусъат додани корҳои созандагӣ ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.               Зикр гардид, ки буҷети давлатӣ дар 4 моҳи соли равон ба ҳадди 91% иҷро шуд ва афзоиши ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 3,6% — ро ташкил дод. Таваррум бо ҳисоби пешакӣ дар ҳаҷми 1,3 — 1,4% ба қайд гирифта шудааст.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини бахши иқтисодиёти Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини даромади буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои буҷетӣ ва пардохти маошу нафақа дастуру супоришҳои қатъӣ дод.              Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба муҳайё намудани фазои мусоиди рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ дастур дод, ки механизми «Равзанаи ягона» ҳарчи зудтар фаъол гардонда шавад.Таваҷҷӯҳи махсус ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зоҳир гардид.               Аз ҷумла дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда — 1 ва Сангтӯда — 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Нуробод-1 ва Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ҳамчунин бунёди 50 нерӯгоҳи хурди обӣ тезонда шаванд.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба гузаштан ба фурӯзандаҳои каммасраф иттилоъ дод, ки барои таъмини 241 ҳазор оилаи камбизоат 16 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ҷудо карда шуд ва ҳамзамон соҳибкорону тоҷирони соҳибимкони кишварро даъват намуд, ки дар ин кор саҳмгузор бошанд ва ба аҳолии камбизоат дар харидории фурӯзандаҳои каммасраф дасти кӯмак дароз намоянд.Роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки оид ба кам кардани сафарҳои хизматӣ, дигар хароҷоти идорӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд.               Таъкид гардид, ки тамоми чорабиниҳои идонаю оммавӣ ва конфронсу семинарҳо низ бояд бе хароҷоти зиёд гузаронда шаванд.Ба Вазири маориф дастур дода шуд, иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоби хатмкунандагони болаёқати мактабҳои миёна барои дар хориҷа хонондан ва ҳамчунин дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ва ба тартиби муайяншуда гузарондани маросими хатми соли таҳсил таъмин намояд.              Ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 9 — уми май 350 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ ҷудо карда шавад.            Ҳамчунин дастур дода шуд, ки рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.            Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 4, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд