ДОДАНИ НАФАҚА БА ТАЪХИР МЕАФТАД

Май 4, 2009 13:03

               Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо сабаби сари вақт напардохтани андози суғуртаи иҷтимоии нафақа ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ, додани нафақапулӣ дар тамоми чумҳурӣ қафо мемонад,- иброз дошт сармутахассиси шӯъбаи сиёсати нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Рустам Ҷамолов.              Бисёр корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ ба мушкилоти молиявӣ гирифторанд ва ин хоҳу нохоҳ ба гузаронидани саривақтии маблағи суғуртаи иҷтимоӣ таъсири худро мерасонад.              Дар вилояти Суғд моҳи марти соли ҷорӣ корхонаю муассисаҳо, идораю ташкилотҳои андозсупор аз фонди нафақаи ҷумҳурӣ 8 млн. сомонӣ қарздоранд.              Дар вилоят як қисми корхонаҳо кор намекунанд, қисми дигари онҳо молашонро фурӯхта наметавонанд, ки ин боиси саривақт напардохтани андози суғуртаи иҷтимоӣ гардидааст.

Май 4, 2009 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ