ИХТИСОРОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БА МАОШ ДАХЛ НАДОРАД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» буҷети мамлакат барои соли равон ба маблағи 459 миллион сомонӣ кам карда шуд. Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки ин масъаларо дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов шарҳ дода гуфт, ки сабаби коҳиш додани буҷети давлатӣ ин пеш аз ҳама шиддатёбии бӯҳрони молиявӣ аст, ки он ба кишвари мо низ таъсири худро расонида истодааст. Мавриди зикр аст, ки маблағҳои ихтисор карда, асосан ба соҳаи сохтмон, иншооте, ки сохтмонашон чандон муҳим нест, таъмиру таҷдиди биноҳои вазорату идораҳо, муассисаҳо ва сафарҳои хизматӣ ҷудо гардида буданд, дахл дорад. Он ба маоши кормандони бахшҳои гуногуни кишвар таъсир нахоҳад гузошт. Бояд тазаккур дод, ки буҷети ҷории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 беш аз 4,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки қисмати бештари он барои рушди соҳаҳои иҷтимоии мамлакат нигаронида шудааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






