МУСОБИҚАИ СОБИҚАДОРОН
Хуҷанд, 4 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» ва сарпарастии компанияи телефонии «МЛТ» бахшида ба бузургдошти «Имоми Аъзам», Рӯзи Ғалаба, 10-солагии Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» мусобиқаи шоҳмот байни куҳансолон-ветеранҳои ҷангу меҳнат ва ҷавонон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа бештар аз 50 нафар варзишгарони синну соли гуногун ширкат варзиданд, аксарияти онҳо бо дастовезҳои идона сарфароз гардиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои аввал насиби сокини шаҳри Хуҷанд мураббӣ Муҳаммадсабур Юлдошев гардид. Ҷои дуюмро Никифоров Анатолий Георгиевич аз шаҳри Чкалов ва ҷои сеюмро Абдулло Холдоров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол намуданд. Мусобиқаи варзишии шоҳмот байни ҷавонон, ки бевосита аз тарафи директори Муассисаи давлатии «Маркази Ҷавонон» Саидумрон Саидов ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ҷои аввал насиби Абдуалӣ Оқилов аз ҷамоати Қистакӯз, ҷои дуюм насиби Шӯҳрат Саидов аз шаҳри Хуҷанд, ҷои сеюм насиби Маъруфҷон Иномҷонов аз шаҳраки Ғафуров гардид. Санъаткорони вилоят бо сурудҳои худ табъи иштирокчиёнро болида намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






