ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ВАҲДАТ СУРЪАТ МЕГИРАД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар яке аз иншооти ҷашнии вилояти Суғд — чойхонаи миллӣ дар Боғи Ваҳдат, ки ба муносибати 12-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвар бунёд мешавад, марҳилаи чўбкорӣ оғоз гардид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳоло дар ин иншооти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, ки бояд рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад. Воқеан интихоби мавзеъ барои сохтмони чойхона хеле мувофиқ буда, он минбаъд бояд ба як макони фароғату истироҳати шаҳрвандон табдил ёбад. Чойхонаи нав, ки аз ҷониби Президенти мамлакат поягузорӣ шудааст, аз 3 толор -асосӣ, нақшбандишуда ва гаҷкоришуда иборат аст. Ҳоло дар ин иншоот беш аз 300 нафар устоҳои чирадасти чубкор ва наққошу кандакор, аз ҷумла 70 нафар занони ҳунарманд машғули кор ҳастанд. Дар ин чойхона 30 сутуни аз рўи анъанаҳои милливу қадимӣ кандакоришуда насб мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






