РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ҶАШНИ 20-СОЛАГИИ ОН

Май 4, 2009 11:21

                Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни рамзи беҳтаринро ба муносибати 20- солагии ҷашни истиқлолияти ҷумҳурӣ эълон намудааст. Дар рамз бояд сарвати бузурги халқи тоҷик ва музаффариятҳои дар давраи истиқлол ба дастомада инъикос шуда бошад,- иброз доштанд дар вазорати мазкур.              Бино ба гуфти ҳамин манбаъ, рамз дар шакли истифодаи муносиб ҳангоми тайёр кардани плакат, овезаҳою намолавҳа (табло) пешниҳод гардонида мешавад.                 Рамз бо ранги акварелӣ дар варақи андозааш А4 кашида, пешниҳод мегардад.              Мӯҳлати қабули ангора на дертар аз 1-уми июл буда , ғолиб соҳиби 2,5 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд.

Май 4, 2009 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад